-- Temmuz 2026, --:--:--
DOLAR 50,40 ▲ %0,05
EURO 55,52 ▼ %0,09
ALTIN 6.265,91 ▼ %0,23
GÜMÜŞ 76,40 ▼ %3,51
Bir Magazin
CANLI YAYIN
SON DAKİKA
DÜNYA 16.05.2023 18:38 1 Dk Okuma

Мулоқот бо Комиссари Олии САҲА оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахманов

Мулоқот бо Комиссари Олии САҲА оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахманов
HABERİN YAZARI Editör
Radyo Maksat


 

Radyo Maksat

 

 

 

Мулоқот бо Комиссари Олии САҲА оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахманов

.2023 , шаҳри Душанбе

15 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахмановро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳоди он оид ба корҳо бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмон ошкоро ва созанда ҷараён дошта, мо кори Комиссари олиро дар таҳкими эътимоди мутақобила, иттиҳоди иҷтимоӣ ва дарки ҳуқуқи инсон қадр мекунем.

 

 

 

Таъкид гардид, ки сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook

kaynak:http://www.president.tj/node/30661?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Yorumlar (0)

Bu habere henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu siz yazın.

Bir Cevap Yazın

1 + 4 = ?
REKLAM
Radyo Maksat
REKLAM
Radyo Maksat