SON DAKİKA

Bir Magazin
Bir magazin üç yaşında

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Bu haber 14 Eylül 2023 - 19:32 'de eklendi.

 

 

 

 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
14.09.2023 , шаҳри Душанбе

 

 

 

 

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

 

 

 

 

Дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар, инчунин масъалаҳое, ки ба рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ворид гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои байни кишварҳои мо дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дорад ва изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода ба инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидати муассир хоҳанд кард.

 

 

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.

Ба ҷониби Узбекистон ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати Вохӯрии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳори сипос карда шуд.

 

 

 

 

Дар рафти мулоқот Президентҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31468?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

HABER HAKKINDA GÖRÜŞ BELİRT

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.

POPÜLER FOTO GALERİLER
SON DAKİKA HABERLERİ
İLGİLİ HABERLER
SON DAKİKA