SON DAKİKA

Bir Magazin
Bir magazin üç yaşında

Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Bu haber 09 Haziran 2023 - 21:32 'de eklendi.

Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
.2023 , шаҳри Душанбе

 

 

8 июн Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

 

 

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

 

 

 

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

 

 

 

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Амири Давлати Қатар аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар

kaynak:http://www.president.tj/node/30836?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

HABER HAKKINDA GÖRÜŞ BELİRT

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.

POPÜLER FOTO GALERİLER
SON DAKİKA HABERLERİ
İLGİLİ HABERLER
SON DAKİKA