SON DAKİKA

Bir Magazin
Bir magazin üç yaşında

Шиносоӣ бо Лоиҳаи банақшагирии қисмати маркази шаҳри Турсунзода

Шиносоӣ бо Лоиҳаи банақшагирии қисмати маркази шаҳри Турсунзода
Bu haber 27 Mayıs 2023 - 11:15 'de eklendi.

 

 

Шиносоӣ бо Лоиҳаи банақшагирии қисмати маркази шаҳри Турсунзода

.2023 , шаҳри Турсунзода

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати маркази шаҳри Турсунзода шинос шуданд.

Мутобиқи маълумот ҷиҳати татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад, ки ин барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи нақшаи муфассали банақшагирии шаҳр дар масоҳати зиёда аз 86 гектар 270 бинои истиқоматии 6, 9, 10 ва 16 ошёна сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Иншооти зикршуда дар заминаи манзилҳои як ва ду қабата ва хобгоҳҳои дуошёна, инчунин биноҳои кӯҳнаву фарсудаи маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳр бунёд мегарданд.

 

 

 

Баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди зист ба аҳолии шаҳр иншооти ҷамъиятию маъмурӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳои кӯдакона, боғи фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишию солимгардонӣ ва иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон дар ҷараёни татбиқи амалии нақшаи муфассали банақшагирии маҳаллаҳои марказии шаҳр зиёда аз 28 километр роҳи байнишаҳрӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад, ки дар самти таъмини ҳаракати мунтазами ҳамагуна воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.

Лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” омода карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои номбурда ба роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулини иншооти сохташаванда ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Лозим ба таъкид аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаст, ки то ин ҷониб қариб 90 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд.

Бояд қайд намуд, ки солҳои минбаъда бо татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода симои маҳаллаҳо ва маркази шаҳр зебову назаррабо гардида, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешавад, ки дар самти боз ҳам беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30730?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

HABER HAKKINDA GÖRÜŞ BELİRT
POPÜLER FOTO GALERİLER
SON DAKİKA HABERLERİ
İLGİLİ HABERLER
SON DAKİKA
Arabic Arabic Azerbaijani Azerbaijani Bulgarian Bulgarian Chinese (Simplified) Chinese (Simplified) English English French French German German Hindi Hindi Italian Italian Kazakh Kazakh Kyrgyz Kyrgyz Portuguese Portuguese Russian Russian Tajik Tajik Turkish Turkish Uzbek Uzbek