SON DAKİKA

Bir Magazin
Bir magazin 4 yaşında

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов
Bu haber 03 Mart 2023 - 11:12 'de eklendi.

 

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов
03.03.2023 , шаҳри Душанбе

3 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо самти муҳими доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва омили ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нави амалӣ мебошад.

Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тотористон – ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Федератсияи Русия, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Тақвият ва густариш додани робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи мубрам дониста шуд.

Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.

Ҷонибҳо оид ба имкону иқтидори бузурги афзоиши гардиши мутақобила, ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самтҳо табодули андеша карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.

Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Русия таҳким мебахшад.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30146?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

HABER HAKKINDA GÖRÜŞ BELİRT

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.

POPÜLER FOTO GALERİLER
SON DAKİKA HABERLERİ
İLGİLİ HABERLER
SON DAKİKA