Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод https://t.co/qxhy4fi5Ns
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Бо сохтани хатти оби нӯшокӣ мушкилоти қаблии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод вобаста ба таъмин будан бо оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфт. Дар партави ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ дар ин деҳа хатти оби нӯшокӣ ба дарозии беш аз 2 километр бунёд гардид ва ба ҳамаи кӯчаю маҳаллаҳои деҳаи Зарафшон хатти об оварда, нӯқтаҳои обгирӣ ташкил карда шуданд. Татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаҳодати ин аст, ки сол аз сол масъалаи таъминои оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад. Таъмини сокинони деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумат мебошад. Ин тадбири муҳим боиси хушҳолии хурду бузурги ноҳияи Зафаробод гардида, аҳолии деҳаи Зарафшон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд. facebooktwitter kaynak:http://www.president.tj/node/30382?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitterБа истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод https://t.co/qxhy4fi5Ns
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод https://t.co/qxhy4fi5Ns
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023


Yorumlar (0)
Bir Cevap Yazın