Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва ислоҳи баъзе лоиҳаҳо камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, ба роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, хусусан, бунёди сифатноки иншооти пешбинишуда, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизотро зери назорати доимӣ қарор дода, камбудиҳои дар татбиқи лоиҳаҳо ҷойдоштаро фавран бартараф намоянд. Дар робита ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро бо мақсади татбиқи ин ҳадафи стратегӣ доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз Сарвари давлат супориш гирифт, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои азкормонда тадбирҳои қатъӣ андешида, ҷиҳати рушди содироти маҳсулот чораҷӯӣ намояд. Инчунин, ба роҳбарону мутахассисони вилоят супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти соҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои таъхирнопазир андешанд. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии ҳарчи бештари онҳо дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ ба роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла ташкили марказҳои инкишофи кӯдак тадбирҳои иловагиро амалӣ созанд.Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин, якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани сокинони маҳаллӣ вазифадор шуданд. Дастуру супоришҳои дигар барои беҳтар кардани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ ва бо шуғл таъмин намудани сокинони вилоят, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон дода шуд. Дар машварати корӣ ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд. Ба раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо роҳбарони гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ супориш дода шуд, ки иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дастуру супоришҳои дигар, ҳамчунин, ҷиҳати ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифодаи замин, иҷрои амалҳои хайр дар моҳи Рамазон, дастгириву кумаки ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон, пешгирии ҷинояткориҳо, риояи қонунҳои амалкунанда дар самти танзими расму оинҳо, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ ва ғайра дода шуд. Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Президенти мамлакат ҳисобот доданд. facebooktwitter kaynak:http://www.president.tj/node/30400?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitterМулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023


Yorumlar (0)
Bir Cevap Yazın